Дар шаҳри Берлин Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 14.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии Берлин-2018 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Германия дар бинои Сафорат 9 март ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сайёҳӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба ҳамоиш роҳбарони 16 ширкати сайёҳии ватанӣ бо роҳбарии муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, роҳбари намояндагии Бонки рушди Германия дар Тоҷикистон Керстин Лаабс, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Германия, Кумитаи шарқи иқтисоди Германия, ширкатҳои сайёҳӣ, коршиносон, аъзои Ҷамъияти дӯстии Германияю Тоҷикистон ва донишҷӯёни тоҷик даъват гардиданд.
Зимни ҳамоиш Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов ба ҳам овардани ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Германияро василаи ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон кард.
Муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Амирбекзода ба ҳозирин оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳадафҳои неки Пешвои миллат ҷиҳати эълон намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маълумоти муфассал дод. Инчунин дар ҳамоиш роҳбари намояндагии Бонки рушди Германия дар Тоҷикистон хонум Керстин Лаабс, муаллифи китоби «Роҳнамои сайёҳ ба Тоҷикистон» ба забони немисӣ хонум Дагмар Шрайбер ва роҳбари ширкати сайёҳӣ Саъдулло Ҳасанов эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро дар Тоҷикистон саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карданд.
Сафорати Тоҷикистон гӯшаҳои сайёҳӣ ва фарҳангӣ таҳия карда, ба маърази меҳмонон пешниҳод намуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






