Дар шаҳри Брюссел ҷаласаи 6-уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид

Март 13, 2018 17:16

ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо 9 марти соли равон дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ҷаласаи 6 – уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Завқӣ Завқизода, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Лук Девин, Директор оид ба Россия ва Осиёи Марказии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо роҳбарӣ намуданд.

Ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Умед Бобозода, мудири бахши Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пайрав Амирзода ва сардори Раёсати ҳамкории иқтисоди хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Шарифӣ  низ шомил буданд.

Ҷаласаи мазкур дар фазои дӯстона натиҷабахш анҷом ёфта, дар он самтҳои асосии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо муҳокима гардиданд.

Дар доираи фаъолияти ҷаласаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо  барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2014-2020 ҷудо намудани 251 млн. евро барои маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ, бахусус  маориф, тандурустӣ энергетика ва рушди деҳот пешбинӣ гардид.

Дар ҷаласаи номбурда мавзӯъҳо вобаста ба татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва муҳокимаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо, рушди макроиқтисодӣ ва соҳаҳо дар Тоҷикистон бо назардошти ҳамгироии минтақавӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ, энергетика ва об, масоили муҳити зист, безараргардонии партовгоҳҳои истихроҷи уран, рушди ҳамкории дуҷониба, сиёсати хориҷӣ, демократия, волоияти қонун, озодиҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқи инсон ва таҳияи лоиҳаи протоколи ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон шоми 9 март вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори Департаменти рушди ҳамкорӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пиэр Амилҳат баргузор шуд.

Дар вохӯрии мазкур масъалаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ намудани буҷети давлатии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин аз ҷониби Завқӣ Завқизода маълумоти мухтассар оид ба рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2017 пешниҳод гардид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Март 13, 2018 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад