Дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид

Март 13, 2018 16:57

ДУШАНБЕ, 13.03.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар меҳмонхонаи   «Hyatt  Regence»- и шаҳри Душанбе  Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон (TFW)  оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии рекламавии «Тайрон» хабар доданд.

Дар   Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори аввал Лоиҳаи Tajikistan Fashion Week (TFW) роҳандозӣ шуда, он бо ташаббуси Агентии рекламавии «Тайрон» ва ҳамдастии шарикони иттилоотӣ баргузор мегардад.

Ҳадафи Лоиҳаи байналмилалии Tajikistan Fashion Week (TFW),  пеш аз ҳама, дастгирии тарроҳони  тоҷик, мусоидат намудан ба  мубодилаи фарҳангӣ байни кишварҳои иштирокчӣ, муаарифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумии он  дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Дар Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон тарроҳон аз ҷумҳуриҳои  Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон,  Гурҷистон, Италия ва  Франсия  иштирок намуда, коллексияи  баҳорӣ-тобистонаи худро ба намоиш мегузоранд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш тарроҳони  шинохта Мавлуда Ҳамроева, Нафиса Имронова, Саидҷалол Махсумов, Шанур ва Хонаи мӯди AV (Алан Воловикис) муаррифӣ мекунанд.

Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон то 15 март идома меёбад.

 

 

 

 

Март 13, 2018 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад