Дар шаҳри Хуҷанд тантанаҳои наврӯзӣ оғоз гардиданд

Март 14, 2018 09:42

ХУҶАНД, 14.03.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар маҳаллаҳои маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд барномаҳои наврӯзӣ оғоз гардиданд.

Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси шаҳр иттилоъ доданд, тибқи дастури шаҳрдории Хуҷанд ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти маҳаллӣ баргузории барномаҳои таҷлили Наврӯз дар 22 маҳаллаи шаҳр дар назар гирифта шуда, он то 25 март идома меёбад. Интизор меравад, ки дар рӯзҳои наврӯзии маҳаллаҳои шаҳр ҳамчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад.

Дирӯз аввалин шуда, дар маҳаллаи Содирхон Ҳофизи шаҳр бо иштироки аҳли маҳалла ва фаъолони шаҳр тантанаҳои наврӯзӣ бо пухтани суманак оғоз гардиданд. Сокинону бошандагони маҳалла ва муҳассилини мактабҳо барои гузаронидани чорабинии Наврӯзӣ омодагии ҳамаҷониба дидаанд.

Дар ин рӯз аз ҷониби иштирокдорон ва толибилмон ба меҳмонон барномаи наврӯзӣ иборат аз шеъру дубайтӣ дар васфи баҳору Наврӯз, мадҳияи «бойчечакхонӣ», бозию ҳунарҳои миллӣ,  аз қабили «Кокулбофӣ», «Ҳаппакбозӣ», «Ошиқбозӣ», «Лаппар», суруди «Нақшхонӣ» ва оростани дастархони наврӯзӣ бо «ҳафтсин»-у  «ҳафтшин» ва  таоми анъанавии суманак намоиш дода шуд.

 

 

Март 14, 2018 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад