Дар шаҳри Кӯлоб хоҷагиҳои деҳқонӣ техникаи кишоварзиро баъди таъмир ба хатти тайёр гузоштанд

Март 28, 2018 11:10

КӮЛОБ,  28.03. 2018  /АМИТ  «Ховар»/.  Гарму камбориш омадани фасли зимистон ва гармии аввалҳои фасли баҳор тараддуди  кишоварзонро барои оғози корҳои саҳроӣ зиёд намуд. Ба гуфти мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, имсол баҳор 20 рӯз пеш омад ва вобаста ба ин мебояд кишти ҳама намуди маҳсулоти кишоварзиро барвақттар анҷом дод. Дар ҳамин замина дар Ҷамоати деҳоти «Зиракӣ»-и шаҳри Кӯлоб Кооперативи тиҷоратии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ техникаи кишоварзиро баъди таъмир ба хатти тайёр гузоштанд. Мутахассисони раёсати кишоварзии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бори дигар омодагии техникаро аз назар гузарониданд.

Кооперативи тиҷоратии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ яке аз хоҷагиҳои калонтарини вилояти Хатлон ба шумор рафта, дигар хоҷагиҳоро бо тухмии хушсифати пунба ва  ғалладонагӣ таъмин менамояд. Дар ин хатти тайёр асосан техникаҳои ин хоҷагӣ гузошта шуда буданд. Тавре  сармуҳандиси хоҷагӣ  Хайрулло Маҷидов иттилоъ  дод,  мутахассисон ба тайёрии техника ба мавсими кишти баҳорӣ баҳои баланд дода, ба баъзе механизаторон барои дуруст намудани нуқсу камбудиҳо дар мошинолот тавсияҳои судманд доданд. Ҳамин гуна омодагии техникӣ дар дигар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб низ гузаронида шуда, шумораи  умумии техникаи кишоварзии барои кишти баҳорӣ омодашуда муайян гардидааст.

Раёсати Кооперативи тиҷоратии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба таъмиргарон ва механизаторон барои омода кардани техникаи кишоварзӣ ба мавсими кишт ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим кард. Гуфта шуд, ки бо мусоидати боду ҳаво кишти пунбадона ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин анҷом дода мешавад.

Март 28, 2018 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд