Донишҷӯёни тоҷик дар Красноярск ғолиби озмуни «ВАО-и сулҳхоҳ» гардиданд
КРАСНОЯРСК, 28.03. 2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар кишвари Красноярск бо ибтикори Ҳукумати ин кишвар ва шаҳрдори Красноярск дар ҳамкорӣ бо созмонҳои рӯзноманигории фаъоли ин минтақа озмуни «ВАО-и сулҳхоҳ» («СМИ миротворец») ҷамъбаст гардид.
Ҳадафи озмун, ки дар байни рӯзноманигорон, наворбардорони ҷавон ва донишҷӯёни кишварҳои хориҷӣ эълон шуда буд, аз таҳияи филмҳои кӯтоҳмуддати мустанад дар бораи халқҳои гуногунмиллати дар Красноярск фаъолиятдошта иборат буд. Иштирокчиёни озмун доир ба расму оин, фарҳанги қадимиву имрӯзаи ин миллатҳо ва тарғиби сулҳу субот миёни мардум мавод пешниҳод намуданд.
Баъди ҷамъбасти озмун муайян гардид, ки ҷойи аввал ва ғолибият насиби донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои олии минтақаи Красноярск гардидааст. Донишҷӯёни соли сеюми Донишгоҳи олии аэрокосмос Қурбон Ҳакимов, Амин Бурҳонов ва донишҷӯи бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Сибир Афзал Сатторов бо филми мустанади «Тоҷикони Красноярск» соҳиби ҷойи аввал гардида, бо мукофотҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои Ҳукумати кишвари Красноярск ва Донишгоҳи давлатии Сибир қадрдонӣ гардиданд.
Садбарги БОҚӢ,
хабарнигори АМИТ “Ховар”,
Красноярск, ФР,











Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






