Дзюдочиёни тоҷик дар Гранд Слам Екатеринбург ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 17.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дзюдочиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи Гранд Слам, ки 17-18 март дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия баргузор мешавад, иштирок мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқаи мазкур 10 нафар варзишгари мо миёни мардон ва 2 нафар миёни бонувон дар 7 вазн муҳориба мекунанд: Суҳроб Боқиев, Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммад Мирзоев (-73 кг), Мирзошариф Исматов, Хушвахт Идиев (-81 кг), Ёқубҷон Назиров, Талабуддин Файзов (-90 кг), Оишабону Қурбоналиева (-52 кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57).
Тавре сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар додааст, дар Гранд Слам Екатеринбург 262 нафар варзишгар аз 34 кишвари дунё иштирок мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






