ЭҲТИЁТ- НИМИ ҲАЁТ! Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва талаботи мавҷударо риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоред!

Март 16, 2018 10:02

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми 15 марти соли равон  дар километри 181-уми роҳи Душанбе –Чаноқ  бар асари бархӯрди мошини тамғаи «Land Rover», рақами давлатиаш 5594СТ01 бо мошини хизматии  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корманди  роҳ  А. Каримов ба ҳалокат расида, корманди дигари он  И. Муродов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ  дар беморхона бистарӣ  гардид. Аз  ронанда ва мусофирони  мошини «Land Rover» ягон нафар осеб надидааст.

Тавре аз маркази матбуоти филиали ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  кормандони зикршуда аз нафарони масъулиятшиносу поквиҷдон  буда, замони рух додани садама  онҳо дар ин масир  машғули коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш буданд.

Боиси  нигаронӣ аст, ки   баъзе ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро  риоя накарда, дар  аксар маврид суръати ҳаракатро баланд намуда, ба самти муқобили ҳаракат  мебароянд, ки   ин хавфи ба амал омадани садамаҳои нақлиётиро  ба вуҷуд оварда, боиси ҳалокати одамон мегардад.

Роҳбарияти филиали ширкат аз кулли ронандагон даъват ба амал меорад, ки  қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва талаботи мавҷударо  риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.              Зеро тамоми ибтикороти кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба хотири таъмини  ҳаракати бехатари мусофирону ронандагон нигаронида шудааст.

Март 16, 2018 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа