ФУТБОЛ: «Истиқлол» вохӯрии дуюмашро дар Туркманистон мусовӣ анҷом дод

Март 15, 2018 09:12

ДУШАНБЕ,15.03.2018 /АМИТ«Ховар»/. Шоми дирӯз дар варзишгоҳи «Спорт топлумӣ»-и шаҳри Балканободи Туркманистон чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи  «Истиқлол»-и   Душанбе бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО -2018-ро бо дастаи «Алтин Асир»-и  Ашқобод, чемпиони Туркманистон бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  нимаи дуюми бозиро футболбозони тоҷик бо барор оғоз намуданд. Дар дақиқаи 50 ба ҳамлагари беларуси дастаи «Истиқлол» Николай Зенко аз имконияти мусоид ба осонӣ истифода намуда, ҳисобро боз кард. Пас аз нуҳ дақиқа соҳибони майдон дар хатти ҳимоя қоидаи бозиро вайрон намуданд ва довари марказӣ Алӣ Ризо аз Лубнон зарбаи 11-метра таъйин намуд. Зарбаи ҷаримавиро нимҳимоятгари дастаи футболи  «Истиқлол»  Аҳтам Назаров ба осонӣ ба ҳадаф расонида,  ҳисобро 2:0 кард.

Қисми дуюми дидор ҳарчанд барои бозингарони дастаи  «Истиқлол»  бобарор оғоз гардид, вале мутаассифона, онҳо ҳисоби бозиро нигоҳ дошта натавонистанд. Дар дақиқаи 90 Мурод Яхшиев ба дарвозаи Никола Стошич голи аввали дастаашро ворид сохта, ҳисобро ба 1:2 расонид. Дар дақиқаҳои изофӣ 90+3 Олтинмурод Аннадурдиев голи дуюмро зада, дастаашро аз мағлубият наҷот дод.

Ёдовар мешавем, ки дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе нахустин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018  7 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар муқобили  дастаи «Аҳал»-и Балканобод доир намуда буд. Дар ин дидор дастаи «Истиқлол» ҳарифро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки 7 март оғоз ёфт, 16 май хотима меёбад. Ба даври минбаъда танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои нимфиналӣ ва финалии байниминтақавӣ баргузор мешаванд.

Бозии финалии Ҷоми КФО-2018  27 октябр барпо мегардад.

 

 

Март 15, 2018 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад