ГУЛ МЕПАРВАРЕМ! Дар шаҳри Бохтар ба парвариши гулҳо диққати махсус дода мешавад

Март 28, 2018 11:39

БОХТАР, 28.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ ва корез»-и шаҳри Бохтар оид ба парвариши гулҳои мавсимӣ ва самаранок истифода бурдани замин бо иштироки намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисон аз вилояти Суғд, роҳбарони Корхонаи воҳиди давлатии обтаъминкунӣ ва корези шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва намояндагони дигар ташкилоту муассиса, корхонаҳое, ки ба парвариш ва нигоҳубини гулҳои мавсимӣ машғуланд, семинари вилоятӣ баргузор гардид.

Дар семинар муовини раиси шаҳри Бохтар Дилшод Муҳаммадҷонзода оид ба ҳадафи аслии баргузории семинар ибрози андеша кард.  Зикр шуд, ки имрӯзҳо дар хоҷагиҳои гулпарварии вилоят барои парвариши гулҳо, зиёд намудани навъу намудҳои гулҳои зебои ороишӣ ва ба мизоҷону меҳмонон пешниҳод намудани онҳо тадбирҳои зиёд андешида мешаванд.

Бо мақсади майян намудани корхонаҳои фаъолу пешсаф аз тарафи раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилӣ ва коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни гулпарварӣ эълон гардида, ба ҳамаи роҳбарони корхонаҳои зертобеъ вобаста ба масъалаи мазкур супориш дода шуд. Ғайр аз ин зимни семинар барои пешбурди кор ва ислоҳи камбудиҳо тавсияву маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Дар қисмати дигари семинари омӯзишии вилоятӣ иштирокдорон бо корҳои амалии Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ ва корез»-и шаҳри Бохтар шинос гардиданд.

Март 28, 2018 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад