Хуршед Каримзода бо Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал-Бодӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 14 марти соли равон Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумрук, зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар бахши фаъолияти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин атрофи дигар масоили мубрами рушди ҳамкории гумрукӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар интиҳои мулоқоти судманд тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи самаровар минбаъд низ ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.
Инчунин дар вохӯрии мазкур котиби сеюми Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби сеюми Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ Муҳаммад Ал-Ҳаримлаҳ ва кормандони масъули мақомоти гумрук иштирок намуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






