Имрӯз дар Россия дар иртибот ба сӯхтори шаҳри Кемерово рӯзи мотам эълон гардидааст

Март 28, 2018 14:12

ДУШАНБЕ, 28.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чоршанбе дар Россия дар робита ба сӯхтори маркази савдои «Зимняя вишняя»-и шаҳри Кемерово, ки бар асари он беш аз 60 нафар, аз ҷумла, кӯдакони зиёд қурбон шуданд, рӯзи мотам эълон шудааст. Дар ин бора «Интерфакс» менависад.

Ба иттилои манбаъ, дар тамоми қаламрави Россия парчамҳои давлатӣ поён фароварда шуда, муассисаҳои фарҳангӣ ва шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ чорабиниҳо ва барномаҳои дилхушии худро қатъ кардаанд.

Ёдрас мешавем, ки 25 март дар маркази савдои «Зимняя вишняя»-и шаҳри Кемерово сӯхтор сар зад. Тибқи маълумоти охир, бар асари сӯхтор 64 нафар, аз ҷумла, 40 нафар кӯдакон қурбон шуда, чанд тани дигар маҷрӯҳ ва бедарак гардиданд.

 

 

Март 28, 2018 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд