Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи сеюми байналмилалӣ дар Анқара
ДУШАНБЕ, 28.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 22-25 марти соли равон дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия намоишгоҳи сеюми байналмилалии «TRAVELEXPO ANKARA – 2018», яке аз муҳимтарин чорабиниҳои соҳаи туризм дар ин кишвар баргузор гардид. Дар Намоишгоҳ ширкатҳои пешбари туристӣ, агентиҳо, корхонаҳои давлатӣ, ширкатҳои хизматрасони соҳаи туризм аз кишвари иқомат ва чанде аз кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия муаррифӣ намуд. Зимни чорабинӣ бо дарназардошти эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ харитаи туристии кишвар ва намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд. Гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи шумораи зиёди муштариён қарор гирифт ва мувофиқаҳое ҳам бо ширкатҳои туристии кишвари иқомат дар робита ба ҳамкории минбаъда дар заминаи туризм ҳосил гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






