«ИССИҚКӮЛ ДӮСТОНРО ДАЪВАТ МЕНАМОЯД». Дар Қирғизистон этно-карнавали байналмилалӣ баргузор мешавад

Март 29, 2018 09:11

ДУШАНБЕ, 29.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Қирғизистон бахшида ба Соли рушди минтақаҳои Қирғизистон ва 90-солагии Нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов ҳамоиши байналмилалии кӯдакону наврасон – Озмуни гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳамоиши гурӯҳҳои сайёҳиро таҳти унвони «Иссиқкӯл аз нигоҳи кӯдакон– 2018» ва Этно-карнавали байналмилалии «Иссиқкӯл дӯстонро даъват менамояд– 2018»-ро баргузор менамояд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои иштирок дар барномаҳои мазкур, ки 1-7 июл ва 13-20 июли соли 2018 сурат мегиранд, донишҷӯёни студияҳои хореографию вокалӣ, маҳфилҳои сайёҳӣ, экологӣ ва кишваршиносӣ даъват карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёнро дарсҳои сайқали маҳорат дар мавзӯъҳои гуногун, намоишҳо, барномаҳои консертӣ ва гала-консерти анъанавӣ интизоранд.

Хоҳишмандон метавонанд маълумоти муфассалро оид ба шартҳои иштирок дар озмунҳо аз сомонаи www.balajan.kg ё суроғаи электронии t-mail balajan@mail.ru дастрас намоянд.

 

Март 29, 2018 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд