Маҷаллаи «Маърифати омўзгор» дар худшиносии миллӣ, рушди забон, илму маориф ва таълиму тарбия нақши назаррас дорад
ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маърифати омўзгор» конфронси илмӣ- амалӣ баргузор гардид.
Дар конфронс Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, ҷонишини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод, намояндагони дигар вазорату кумитаҳо, сармуҳаррирони нашрияҳои соҳавӣ ва доираи васеи донишмандон, устодон ва кормандони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён аз нақши боризи ин маҷалла ёдовар шуда, зикр карданд, ки маҷаллаи «Маърифати омўзгор» тайи ин солҳо (ба ғайр аз даврони ҶДҶ) мунтазам ба нашр расида, дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ, рушди забон, илму маориф, таълиму тарбия, ёрии методӣ ба омўзгорон, тарғиби таҷрибаи пешқадам саҳми босазо гузошт.
Ҳамчунин дар ҷамъомад хидматҳои як гурӯҳ аъзои ҳайати таҳририя, кормандони собиқи маҷалла, рўзноманигорон ва муаллифони фаъол бо медалҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «100-солагии матбуоти тоҷик», ифтихорномаҳои идораи маҷаллаи «Маърифати омўзгор» қадрдонӣ шуда, аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ба рўзноманигорони шоиста ифтихорнома ва туҳфаҳои моддӣ супорида шуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки шумораи нахустини маҷаллаи маъруфи «Маърифати омўзгор» ҳамчун нашрияи Нозироти маорифи Тоҷикистон бо номи «Дониш-биниш» соли 1927 дар шаҳри Самарқанд ба чоп расида, аз шумораи дуюм номи «Раҳбари дониш»-ро гирифт. Он минбаъд бо номҳои «Инқилоби маданӣ», «Мактаби советӣ», «Маърифат» ва ҳоло бо номи «Маърифати омўзгор» ба нашр мерасад.










СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






