Маърифат ва масъулияти шаҳрвандонро баланд бардорем-бардошт аз мулоқот дар шаҳри Кӯлоб
ДУШАНБЕ, 29.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Кӯлоб вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр бо сокинони маҳаллаи мазкур, бахусус ҷавонон баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сарахон Абдуқаҳҳоров доир ба иқдому ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуда, ҷавононро ба амалҳои созанда ва ободкорӣ даъват намуд. Мавсуф онҳоро даъват кард, ки ҳамеша барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистон омода бошанд. Ҳамзамон оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, истифодаи нодурусти технологияи муосир, зарари телефонҳои мобилӣ, зарару оқибатҳои даҳшатбори нашъаҷаллобиву нашъамандӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ибрози андеша карда шуд.
Зикр шуд, ки ҳимояи Ватан ва марзи он муҳимтарин қарзи шаҳрвандӣ мебошад. Аз ин рӯ мо бояд дар зиндагӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи хеш баҳри ободию осудагӣ, ҳифзи марзу бум, суботу оромии ҷумҳурӣ корҳои назаррас ба анҷом расонем.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






