МАТБУОТИ ТОҶИК 106-СОЛА ШУД!

Март 12, 2018 15:17

ДУШАНБЕ, 12.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. 11 март матбуоти тоҷик 106-сола шуд. Дар робита ба ин, 12 март дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ чорабинии тантанавӣ баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти даврӣ мукофотонида мешаванд. Илова бар ин, натиҷаи Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин мақола ва шеър дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ», ки ба 140-солагии ӯ бахшида шудааст, ҷамъбаст мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи чорабинӣ намоиши рӯзномаву маҷаллаҳо ва адабиёти тозанашр, инчунин барномаи адабию фарҳангӣ баргузор карда мешавад.

Маҳз дар ин рӯз соли 1912, бино ба тасдиқи тадқиқотчиёни рӯзноманигории ватанӣ, аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» аз чоп баромад.

Бояд ёдовар шуд, ки Рӯзи матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май таҷлил карда мешуд. Шурӯъ аз соли 1994 Рӯзи матбуот 11 март дар рӯзи чопи аввалин шумораи рӯзномаи «Бухорои Шариф» таҷлил мешавад. Вале аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» таъсис ёфта буд, ки имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» нашр мешавад. Абулқосим Лоҳутӣ аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Иди тоҷик» буд ва дар баробари эҷодиёти ниҳоят ғановатмандаш дар рушди матбуоти тоҷик низ хизматҳои шоён анҷом дод.

Дар давраҳои минбаъда низ аксари адибони маъруфи мо ва умуман аҳли қалам ё фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз кардаанд ё бо онҳо ҳамкории доимӣ дошта, бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштаанд

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон соли 1991 ҳамагӣ 139 адад рӯзномаву маҷалла вуҷуд дошт, ки аз ин шумора фақат чор рӯзнома хусусӣ буд. Ғайр аз ин, ҳамагӣ як агентии иттилоотии давлатӣ фаъолият мекард.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 371 рӯзнома (109 давлатӣ ва 262 хусусӣ) ва 243 маҷалла (113 давлатӣ ва 130 хусусӣ) чоп мегарданд. Дар ҷумҳурӣ ҳамчунин 313 матбаа (36 давлатӣ ва 277 хусусӣ), 45 нуқтаи китобфурӯшӣ (3 давлатӣ ва 42 хусусӣ), 71 нашриёт (10 давлатӣ ва 61 хусусӣ) ва 11 агентии иттилоотӣ (1 давлатӣ ва 10 хусусӣ) фаъолият мекунанд. Ҳоло ҳамаи матбуоти даврӣ фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва «Дар бораи табъу нашр» ба роҳ мондаанд.

 

 

 

 

Март 12, 2018 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад