«МОЛИКИ ФАРРИ КАЁНӢ». Таҳти ин ном дар Душанбе китоби нав ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Истеъдод» китоби «Молики фарри каёнӣ»-и шоира Мағфират Юсуфиро ба нашр расонид.
«Молики фарри каёнӣ» дар заминаи барномаи радиоӣ рӯйи чоп омада, аз раванди давлатдорию сиёсатмадории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳикоят менамояд. Маводи китоби мазкур дар асоси назарсанҷӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба даст омада, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Тавре муаллиф Мағфират Юсуфӣ зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» баён дошт, китоби «Молики фарри каёнӣ» дар асоси маводи барномаи таҳлилию иттилоотии «Наҷотбахши миллат», ки аз мавҷи радиои «Садои Душанбе» пахш мегардад, мураттаб гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






