Мулоқоти генерал-майор Шариф Назарзода бо донишҷӯёну устодони Динишгоҳи миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 31.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода ҷиҳати иҷрои талаботҳои Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе» бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз РВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар мулоқот, ки дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев баргузор гардид, беш аз 1000 нафар донишҷӯён, аспирантону унвонҷӯён, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ва устодони ДМТ ширкат намуданд .
Тавре ёрдамчии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Муҳсинҷон Муҳаммадӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, дар вохӯрӣ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода зимни суханрониаш аз саҳми арзандаи омӯзгорон ва мавқеи ин муассисаи олӣ ва бонуфузи кишвар дар омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат ва кадрҳои соҳибтахассуси соҳаҳои идоракунии давлатӣ, ҳуқуқшиносӣ, дипломатия, иқтисодиёт, рузноманигорӣ, забономузӣ, педагогӣ ва даҳҳо дигар соҳаҳои иҷтимоии ҷомеаи имруза ёдовар шуд.
Ҳамчунин, зимни суханронӣ сардори мақомоти милитсияи пойтахт оиди масъалаҳои изтиробангезе, ки дар байни ҷавонон ҷой доранд, аз ҷумла вазъи содиршавии ҷиноятҳо, махсусан авбошӣ ва муноқишаҳои гуруҳӣ, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, риоя нагардидани талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», коста гардидани маърифати ҳуқуқӣ, оила ва шаҳрдорӣ, интизоми пасти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, беназоративу оворагардӣ ва ҷинояткории ноболиғон, вазъи ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои тундрави ҷудоигаро, ба муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъадор даст задани ҷавонон бо овардани далел ва мисолҳои дақиқ аз рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ бо намоиши слайдҳои тасвирӣ ва видеоӣ хотирнишон намуд.
Дар анҷоми мулоқот зикр гардид, ки танҳо ба шарофати иродаи қавӣ, ҳушёриву зиракӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён ба обу хоки диёри маҳбубамон мо метавонем ҳамчун як нерӯи тавоно тамоми мушкилоти чомеаи имрӯзаро бартараф карда, тартиботи ҷамъиятӣ, зиндагии орому осуда, бехатарии худ ва аҳли пайвандонамонро таъмин намоем.








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






