Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Котиби Шӯрои амнияти миллии Ҳиндустон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Котиби Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷиндер Кҳанна 15 март дар Душанбе баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин табодули назар доир ба мавзӯъҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавии мавриди эҳтимоми муштарак сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






