Нақши Наврӯз дар муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳангу тамаддуни башарӣ муҳим аст-бардошт аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ

Март 16, 2018 11:48

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити буҳронӣ гардидани вазъи ҷаҳони муосир маҳз Наврӯз метавонад ҳамчун ойини сулҳу оромӣ, ҳамкориву дӯстӣ ва пойдор нигоҳ доштани суннату анъанаҳои миллии мардумони кишвари ҳавзаи Наврӯз хизмат намояд. Зеро дунёи имрӯза беш аз ҳар вақти дигар ба суботу оромӣ, рӯзгори бе хушунат ва зиндагии осуда ниёз дорад. Дар ин росто нақши ҷашни Наврӯз барои муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳангу тамаддуни башарӣ хеле муҳим дониста мешавад. Ин матлабро ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маҳмадулло Раҷабзода зимни намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз», ки дар Донишкадаи мазкур доир гардид, баён дошт.

Тавре аз Донишкада ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷамъомад маҳсули дастони муъҷизаофари ҳунармандони гулдаст, аз қабили гулдӯзиҳои рангоранг, болишту кӯрпачаҳо, гилем, сабад, гаҳвора  ва  маҳсулоти  кулолгарон,  оҳангарон ва  наҷҷорон  ба маъраз гузошта шуд.

Зимни конференсия аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки кӯшиши худро барои тарғиби мавзеъҳои зебо ва ҷалби сайёҳон ба ҷумҳурӣ,  рушди ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи ҳунарҳои азбайнрафта равона созанд.

 

Март 16, 2018 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа