Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2018» дар «Кохи Борбад» идома дорад
ДУШАНБЕ, 30.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018», ки дирӯз оғоз гардид, идома дорад. Намоишгоҳи мазкур бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, то 31 марти соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» -и Душанбе сурат мегирад.
Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватанию хориҷӣ иштирок намуда, маҳсулоти худро дар бахшҳои сохтмон, энергетика, таҷҳизоти соҳаи кӯҳканӣ, металлургӣ, саноати кимиё, соҳаҳои кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук, сайёҳӣ, ҳунармандӣ, таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, сармоягузорӣ ва ғайра муаррифӣ менамоянд.
Интизор меравад, ки дар доираи намоишгоҳ ҳамоиши доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории тоҷирону соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои хориҷи дуру наздик матраҳ шаванд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






