Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2018» дар «Кохи Борбад» оғоз меёбад

Март 28, 2018 09:43

ДУШАНБЕ, 28.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар  Душанбе намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018»  оғоз меёбад. Намоишгоҳи мазкур бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, то 31 марти соли равон  дар  Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» -и Душанбе идома меёбад.

Аз Палатаи савдо  ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватанию хориҷӣ иштирок намуда, маҳсулоти худро дар  бахшҳои сохтмон, энергетика, таҷҳизоти соҳаи кӯҳканӣ, металлургӣ, саноати кимиё, соҳаҳои  кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук,  сайёҳӣ, ҳунармандӣ, таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, сармоягузорӣ ва ғайра муаррифӣ менамоянд.

Интизор меравад, ки дар доираи намоишгоҳ ҳамоиши доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории тоҷирону соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои хориҷи дуру наздик матраҳ шаванд.

Март 28, 2018 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст