Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар Форуми VI ҷаҳонии Боку иштирок дорад

Март 16, 2018 18:25

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 март дар ҳошияи сафари кории хеш ба шаҳри Боку, ҷиҳати иштирок дар Форуми VI ҷаҳонии Боку муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон Айдин Мирзозода мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот вакилон масъалаҳои марбут ба муносиботи Тоҷикистону Озарбойҷон, алахусус ҳамкорӣ миёни мақомоти қонунгузории ду давлат, инчунин мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигарро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи ду давлат ёдовар шуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши алоқаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон, зарурати фароҳам овардани фазои мусоид барои таҳкими ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ бо истифода аз механизмҳои парлумонӣ иброз доштанд.

Март 16, 2018 18:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад