“НАВОИ ШАРҚ”. Таҳти ин ном дар Москва Озмуни байналмилалии суруд ва рақс доир мегардад
ДУШАНБЕ, 29.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва бо дастгирии Думаи давлатии Федератсияи Россия, намояндагиҳои «Россотрудничество», «Росмолодеж», қасрҳои фарҳангии «Гайдароветс» ва «Стимул», радиои «Восток», марказҳои фарҳангии Доғистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон Озмуни III байналмилалии суруд ва рақси «Навои шарқ» баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи ин озмун рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва фарҳангии Россия ва кишварҳои Шарқ мебошад.
Қабули дархостҳо барои иштирок дар озмун то 5 апрели соли 2018 идома меёбад. Дар озмун аз як кишвар се нафар иштирокчии аз 17 то 40-сола ё се ансамбл иштирок карда метавонанд.
Ба иттилои манбаъ, озмуни суруд 14 апрели соли 2018 ва озмуни рақс моҳи апрели соли 2019 баргузор мегарданд.
Маълумоти муфассалро аз суроғаҳои зерин дастрас намоед:
Нишонии почтаи электронӣ: vostoklaif@mail.ru
Рақами телефон: +7 (916) 678-3117, +7(903) 532-0954.
Саҳифаи фейсбукӣ: https://www.facebook.com/groups/900373923409781/








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






