НОРАК ГУЛЗОР МЕШАВАД. Дар ин шаҳри саноатӣ таҳти унвони «Ободонию тозагӣ -суннати наврӯзӣ» ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид
НОРАК, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи аҷам бо иштироки зиёда аз 300 нафар кормандони муассисаҳои таълимӣ, идораҳои коммуналии ободонӣ ва бахшу шуъбаҳои ҳукумати шаҳри Норак дар атрофи майдони варзишӣ, маркази шаҳр ва макони баргузории барномаҳои наврӯзӣ таҳти унвони «Ободонию тозагӣ -суннати наврӯзӣ» ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид. Зимни он зиёда аз 200 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шуданд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ҳамчунин бо мақсади ободонию сабзазоркунии маркази шаҳр кормандони муассисаи Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Норак дар гармхонаи худ зиёда аз 15 намуд гулҳои мавсимӣ сабзонда, имрӯзҳо ду паҳлӯи маркази шаҳрро гулзор менамоянд.
Тибқи иттилои сардори Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Норак Мазҳариддин Саидов, онҳо дар гармхонаи мазкур зиёда аз 80 ҳазор дона гулҳои замонавии ба мавсимҳои сол тобовар парвариш намуда, баҳри дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани меҳмонони ҷашни Наврӯз маркази шаҳрро сарсабзу шукуфон мекунанд.
Дар баробари ин гулпарварони муассиса ба муштариён намудҳои зебою гуногуни гулҳоро барои фурӯш пешниҳод менамоянд.









СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






