ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво боронӣ шуда, боридани барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 14.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст.
Имрӯз, 14 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бориши борону барф пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 3-2 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони пуршиддат пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, боридани борон пешгӯӣ карда мешавад. Шабона 7-9 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






