ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст

Март 12, 2018 08:30

ДУШАНБЕ, 12.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва дар бештари ноҳияҳо боридани борон ва барф дар назар дошта шудааст.

Имрӯз, 12 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барфу борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳо бориши борону барф пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво  шабона 2-3 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 12-17 дараҷа сард ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва баъзан ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ карда мешавад.  Шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ карда мешавад. Шабона 8-10 ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.

 

Март 12, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад