ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст
ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.
Имрӯз, 15 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бориши борону барф пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 3-2 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа сард ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, боридани борон ва фаромадани туман пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, баъзан боридани борон пешгӯӣ карда мешавад. Шабона 3-5 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






