ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 19.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст.
Имрӯз, 19 март дар вилояти Суғд ҳаво абрноки бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, ҳарорат шабона 10-12 ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






