ОБУ ҲАВО: то 15 март дар Тоҷикистон эҳтимоли болоравии сатҳи оби дарёҳо ва фаромадани тарма дар назар аст
ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, то 15 март дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пойдор буда, боришоти борон ва дар баландиҳои 2000 м боридани барф дар назар аст.
Тавре аз Агентӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, тайи ин рӯзҳо таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёву рӯдхонаҳо боқӣ мемонад. Дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ омадани сел пешгӯӣ карда мешавад. Дар баландиҳои 2000 м фаромадани тарма дар назар аст.
Имрӯз, 13 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бориши борону барф пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 1-4 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони пуршиддат пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, боридани борон пешгӯӣ карда мешавад. Шабона 7-9 ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






