ОБУ ҲАВО: Вазиши сахти бод ва чангу ғубор дар назар аст
ДУШАНБЕ, 31.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон шуруъ аз 1 апрел дар ҷумҳурӣ ноустувор шудани вазъи обу ҳаво пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат шабона паст шуда, дар водиҳо ҳарорат 8-10 ва дар шимоли кишвар 10-12 дараҷа ҳарорати ҳаво паст мефарояд. Вазиши боди сахт то 20-25м дар як сония вазида, ба амал омадани чангу ғубор пешгӯӣ карда мешавад.
Имрӯз, 31 март дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 м дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона дар водиҳо 10-15 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 11-13 ва рӯзона 31-33 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






