ҶОИ БАҲС-КӮЧАИ ШАМСӢ. Дар Душанбе муноқиша миёни ҷавонон пешгирӣ гардид

Март 30, 2018 13:22

ДУШАНБЕ, 30.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабари оҷил расид, ки бегоҳии 26 марти соли равон дар паси Маҷмааи тиҷорат ва савдои «Саодат», воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ байни ду гурӯҳи ҷавонон муноқиша ва задухӯрд бо истифода аз силоҳҳои сард пешбинӣ шудааст. Дар он  эҳтимолияти ҷиноятҳои куштор ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ҷой дорад.

Тавре зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар»  ёрдамчии сардори  Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе Муҳсин МУҲАММАДӢ   хабар дод, баробари гирифтани ин маълумот кормандони ботаҷрибаи самти фаврӣ сафарбар карда шуда, тахминан соатҳои 18.00-и ҳамон рӯз дар мавзеи муайяншуда, аз таваққуфгоҳи мошинҳо 4 нафар ҷавонони бо корд мусаллаҳ, ки бо мошини тамғаи «Ниссан-Максима», аломати қайди давлатиаш 2441ЕЕ01 омада буданд, дастгир гардида, ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар идомаи тадбирҳои фаврӣ-ҷустҷӯӣ кормандони милитсияи шаҳри Душанбе тахминан соатҳои 22.30-и ҳамон рӯз дар кӯчаи Шамсӣ (маконе, ки тибқи маълумоти фаврии расида бояд 2 гурӯҳ ҷавонони мусаллаҳ ҷамъ шуда, муноқиша менамуданд), гурӯҳи дигари ҷавонон, иборат аз 4 нафари бо силоҳҳои сард мусаллаҳ, ки бо мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами давлатиаш 6767AD01 омада буданд, дастгир гардиданд. Ин гурӯҳи ҷавонони мусаллаҳ низ ба мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.

Айни замон нисбат ба 8 нафар ҷавонони дастрасшуда бо қарори Суд ҳабси маъмурӣ татбиқ гардида, барои ошкор намудани дигар кирдорҳои ҷиноятии ин гурӯҳи ҷавонони гумроҳ гузаронидани маҷмӯи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

Март 30, 2018 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд