Ҷомӣ ва Навоӣ-рамзи дӯстии безаволи халқҳои тоҷику ӯзбек

Март 16, 2018 14:18

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мероси адабии шоирони барҷастаи адабиёти классикии халқҳои тоҷику ӯзбек-Абдураҳмони Ҷомӣ ва  Алишери Навоӣ тараннумгари дӯстиву рафоқат, бародарию ваҳдат ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ мебошад. Ин нукта дар ҳамоише, ки дар Душанбе дар  мавзӯи «Абдураҳмони Ҷомӣ ва  Алишери Навоӣ: рамзи  дӯстиву рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбек» доир гардид, зикр шуд.

Ҳамоиш бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он   олимон ва адабиётшиносони тоҷик  ширкат доштанд. Ҳамоиши мазкур дар партави сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9-10 марти соли равон доир гардид, гузаронида шуда, ҳадафаш тақвияти равобити илмию фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон аст.

Дар ҳамоиш директори  Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии  Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов  доир ба тавсеаи равобити мутақобилан судманди ду давлати дӯсту бародар –Тоҷикистону Ӯзбекистон сухан карда, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ба имзо расонидани 27 созишномаи байнидавлатиро гардиши муҳим дар самти равобити байнидавлатӣ миёни ду кишвари ҳамҷавор арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шаҳри бостонии Самарқанд пайкараи шоирони машҳури адабиёти классикии  халқҳои тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ гузошта шудааст. Ҳамзамон дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе  боғе ба номи Алишери Навоӣ гузошта шуда, дар он пайкараи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ  қомат меафрозанд, ки  таҷассумгари дӯстии безаволи халқҳои тоҷику ӯзбек  мебошад.

Дар ҳамоиш  олимону адабиётшиносони шинохтаи тоҷик доир ба робитаҳои   эҷодии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, муносибатҳои дӯстонаи   ду шоири шинохта ва мероси бои адабии онҳо дар ташаккули адабиёти классикии   ду халқи дӯсту бародар –тоҷику  ӯзбек табодули назар намуданд.

Дар ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии  Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба директори  Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар китоби «Ҷомӣ  ва Навоӣ»-ро  ки дар Ӯзбекистон бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ нашр гардидааст, тақдим намуд.

 

Март 16, 2018 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад