«ПАНҶИ ПОЁН»: аз қочоқчиён зиёда аз 35 кг маводи мухаддир мусодира гардид
ДУШАНБЕ, 28.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 20 марти соли 2018, соати 19:20 дар шуъбаи назорати сарҳадии “Панҷи поён” аз ҷониби наряди сарҳадии “Азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт” дар якҷоягӣ бо кормандони Хадамоти гумрук ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёти боркаши тамғаи “Дулан”, рақами давлатиаш ТҶ 8132 АР 01, таҳти ронандаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз махфигоҳи дохили воситаи нақлиёт маводи сахттаъсири нашъадори навъи героин ба миқдори тахминан 2 кг ошкор ва мусодира карда шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ҳамчунин 21 марти соли равон, соати 10:50 аз тарафи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар минтақаи Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» убури ғайриқонунии қоҷоқчиёни афғон аз сарҳади давлатӣ ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.
“Ҳангоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ 4 нафар қочоқбарони афғон бо сарҳадбонон рӯ ба рӯ шуданд. Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона як нафар қочоқчӣ безарар ва як нафар захмӣ гардида, боқимонда ба тарафи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд”,-гуфт манбаъ.
Ҳангоми азназаргузаронӣ аз ҷои ҳодиса 32 кг маводи мухаддири навъи афюн ва зиёда аз 1 кг ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






