ПОЙГАИ САМАНД. Дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бахшида ба ҷашни Наврӯз мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 31 марти соли равон, соати 14:00, ҳамаи хоҳишмандонро ба мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор мешавад, даъват менамояд.
Тавре аз Федератсияи ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ» хабар доданд, мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда мешавад.
Мусобиқа бо ширкати аспҳои ватанию хориҷӣ роҳандозӣ гардида, хоҳишмандон метавонанд дар пойгаи мазкур аспҳои худро пешниҳод намуда, фаъолона иштирок намоянд.
Ғолибонро ҷоиза ва мукофотҳои қиматбаҳо интизоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






