Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Душанбе омад

Март 9, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 09.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба  Душанбе омад. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аъзои Ҳукумати мамлакат ва ротаи қаровули фахрӣ пешвоз гирифтанд.

Ин сафари аввалини Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.

Баъд аз чанд лаҳза дар Қасри миллат истиқболи расмии  Президенти Ӯзбекистон доир мегардад. Дар назар аст, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамин рӯз дар Қасри миллат  бо  Шавкат Мирзиёев мулоқот намояд, ки дар ҷараёни он масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешаванд. Дар нимаи дуюми рӯз дар ҳамон ҷо гуфтушунидҳои намояндагони расмии ҳарду давлат бо ҳайати васеъ доир мегарданд, ки зимни онҳо беш аз 20 ҳуҷҷати нав оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.

Маълумоти муфассалро дар хабарҳои минбаъдаи АМИТ  «Ховар» дастрас намоед.

 

 

Март 9, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд