РӮЗИ ФАРҲАНГ МУБОРАК! Пагоҳ бори нахустин ин рӯз дар Тоҷикистон таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 19.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 20 марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин бор Рӯзи фарҳанг таҷлил мегардад. Бо ин мақсад пагоҳ, 20 март дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор мешавад. Тавре аз Вазорати фарҳанг ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар назди бинои Донишкадаи мазкур намоиши ҳунарҳои бадеӣ — халқӣ ва дастовардҳои аҳли фарҳанг баргузор мегардад. Ҳамчунин соати 14:00 дар муассисаи мазкур бо иштироки васеи аҳли илму адаб ва фарҳанг маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад, ки дар рафти он маросими супоридани мукофот ва туҳфаҳои хотиравӣ дар назар дошта шудааст.
Дар қисмати фароғатии ин барномаи идона баргузории ҳунарнамоии устодони санъати Тоҷикистон ва донишҷӯёни донишкадаи мазкур пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз роҳбарият ва кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати собиқадорони соҳа рафта, онҳоро бо Рӯзи фарҳанг табрик мекунанд.
Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги волои миллати тоҷик ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои ҷамъиятиву чорабиниҳои фарҳангӣ мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017 минбаъд ҳамасола 20 март ҳамчун «Рӯзи фарҳанг» дар миқёси ҷумҳурӣ таҷлил мегардад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






