«Рушди молияи давлатӣ дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид

Март 13, 2018 17:32

ДУШАНБЕ, 13.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Рушди молияи давлатӣ дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон дар Душанбе китоби наве ба нашр расид.

Маводи мазкур шарҳу арзёбии мухтасари саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушду такомули низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатии кишвар мебошад.

Муаллифи китоб коршиноси соҳаи иқтисодӣ Аъламхон Наимӣ буда, он бо тавсияи Шӯрои илмии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон нашр гардидааст.

Дар китоб муаллиф кӯшиш намудааст, ки ташаккули низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даврони аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз таҳлил намуда, рушди онро бо далелу рақамҳои оморӣ возеҳ нишон диҳад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ашурбой Солеҳзода дар пешгуфтори китоб зикр намудааст, ки «дар давраи аввали истиқлолият дар ҷумҳурӣ буҳрони сиёсиву иқтисодӣ сар зада, ҳодисаҳои ба амаломада барои хароб гаштани иқтисодиёт ва низоми молияи давлатӣ сабабгор шуданд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини сулҳу субот ва ташкили низоми муосири идораи давлатӣ муяссар гардид, ки низоми идоракунии молиявии кишвар на танҳо барқарор гардад, балки заминаи боэътимоди ташаккули он баҳри таъмини рушди иқтисоди миллӣ гузошта шавад. Бино бар ин зимни таҳаввулоти низом нишон додани рақамҳои оморӣ ва таҳлили онҳо дар доираи маводи мазкур аҳамиятнок ва барои хонанда ҷолиб аст».

Дар китоб ҳамчунин муаллиф мавзӯи густариши ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ҷалби сармоягузориҳоро таҳлил намуда, зикр намудааст: «Татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ба рушди иқтисодиёти миллиамон такони ҷиддӣ бахшид. Аҳамияти иҷрои ин лоиҳаҳо барои расидан ба се ҳадафи умумимиллӣ ниҳоят бузург мебошад ва дар баробари ин он барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаи маорифу тандурустӣ, сармоягузории давлатӣ дар саҳми ҳамкорӣ бо шарикони рушд   нақши муҳим дорад».

Муаллиф ҳамчунин ҷанбаҳои гуногуни аҳамиятноки барномаҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, молиявӣ ва зиддибуҳрониро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, таҳқиқ намудааст.

Дар маводи мазкур аз тариқи таҳлилҳои амиқ саҳми ин барномаҳо дар паст кардани шиддати буҳрони молиявӣ, муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва дар ин замина таъмин намудани даромади буҷети давлатӣ, дастгирии молиявии давлатӣ, ҳавасмандкунии соҳибкории хурду миёна ва роҳ надодан ба коҳиши вазъи молиявии корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт нишон дода шудааст.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода дар пешгуфтори китоб инчунин зикр намудааст: «Ислоҳоти низоми молиявӣ дар Тоҷикистон давом дорад. Аз ин лиҳоз муаллиф самаранокии ислоҳот дар ин самт, мақсадҳои гузошташуда ва дурнамои рушди бахши иқтисодиву молияи  ҷумҳуриамонро дар асоси нақшаҳои стратегии давлат дар китоби мазкур  нишон дода тавонистааст».

Китоб барои хонандагон, донишҷӯёну аспирантон, мутахассисони соҳа ва оммаи васеъ пешбинӣ гардидааст.

Март 13, 2018 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд