«САД ШУКР, КИ МО БОЗ БА НАВРӮЗ РАСИДЕМ!..». Ин иди аҷдодӣ тараннумгари саодати башарият аст

Март 17, 2018 12:51

ДУШАНБЕ, 17.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Суннатҳои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар сарзамини Тоҷикистон дар даврони солҳои истиқлолияти давлатӣ маҳз бо саъю  талошҳои Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид. Аз ин ҷост, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил мегардад. Ин матлабро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар ҳамоиши «Наврӯзи байналмилалӣ- муаррифи  фарҳанги миллии тоҷикӣ», ки дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Душанбе доир гардид, иброз дошт.

Дар ҳамоиш Шоири халқии  Тоҷикистон Камол Насрулло, профессори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон  Гузел Майтдинова  ва дигар донишмандони тоҷик  доир ба таърихи пайдоиши ҷашни бостонии Наврӯз, оинҳои Наврӯз,  анъанаҳои наврӯзӣ чун инъикоскунандаи  ҳувияти миллии тоҷикон,  мероси Наврӯз дар раванди муосиршавии афкори ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон,   Наврӯз ва ҷойгоҳи он  дар муаррифии гуманизми миллӣ ва дигар паҳлӯҳои ҷашни қадимии Наврӯз сухан карданд.

Зикр шуд, ки Наврӯзи бостонӣ таърихи беш аз панҷҳазорсола дошта, зуҳури онро муаррихон  ба  таваллуди шоҳ Каюмарс  ва эҳёи Наврӯзро ба аҳди шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд.

Наврӯз яке  ҷашнҳои бостонии мардумони эронинажод, аз ҷумла, тоҷикон буда, дар ҳазораи дуюми солшумории мелодӣ дар соли 2010 дар асоси пешниҳоди кишварҳои ҳавзаи  Наврӯз, аз ҷумла, Тоҷикистон  бо қарори созмони бонуфузи байналмилалӣ — Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз  ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид.

Оинҳои Наврӯз таҷассумгари ормонҳои башариянд ва дар ин росто он аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ эътироф шуд.

Наврӯз  ҷашни фарорасии баҳори сарсабз, эҳёи табиат, оғози корҳои кишоварзӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз буда, аз нигоҳи  ситорашиносон, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи  ҳамал ворид  мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сония  соли нав фаро мерасад. Яке аз суннатҳои  ҷашни ҷаҳонии Наврӯз- ин бахшоиши гуноҳҳо, аз дил дур намудани кинаву адоват, пирӯзии некӣ бар бадӣ, нур ба зулмот буда, дар маҷмӯъ, Наврӯзи ҷаҳонӣ тараннумгари саодати башарият аст.

Март 17, 2018 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад