Сафири Тоҷикистон ба Сафири Ӯзбекистон дар Германия «Баҳористон»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро тӯҳфа намуд

Март 13, 2018 17:30

ДУШАНБЕ, 13.08.2018./АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 13 март,  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Маликшо Неъматов ба Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Берлин ташриф оварда, бо Сафири кишвари дуст Набиҷон Қосимов дидору мулоқот намуд. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз  Сафорати ҶТ дар ҶФГ хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар рафти мулоқот аз натиҷаҳои нахустин сафари таърихии давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳори шодӣ намуда, зикр  карданд, ки ин рӯзҳои деринтизорро хурду бузург дар ҳарду кишвари бародар бо шодию нишот истиқбол карданд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки натиҷаҳои пурбори ин сафари воқеан таърихӣ натиҷаи талошу ниятҳои неки сарони ҳарду давлат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон   Шавкат Мирзиёев мебошад.

Ҳарду ҷониб тасмим гирифтанд, ки дар оянда дар ҳамбастагӣ сафоратхонаҳои ҳарду кишвари дӯст таъриху фарҳанги куҳан ва имкониятҳои иқтисодию захираҳои сайёҳии Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо баргузории форуму чорабиниҳои гуногуни муштарак  дар  Германия муаррифӣ созанд.

Дар охири мулоқот Сафири Тоҷикистон ба нишони эҳтирому дустӣ ба Сафири Узбекистон китоби «Баҳористон»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро тӯҳфа намуд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми бародарона ҷараён гирифт.

Март 13, 2018 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад