СОЛИМӢ-САРВАТИ БЕБАҲОСТ! Ҷавонон бар зидди ВНМО мубориза мебаранд

Март 15, 2018 09:17

ДУШАНБЕ, 15.03.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳамоиши иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории Вируси норасоии масунияти одам ВНМО/ БПНМ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мақсад аз баргузории чунин ҳамоишҳои иттилоотӣ ба  ҷавонон фаҳмонидани зарари бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, ВНМО/БПНМ ва роҳҳои пешгирӣ аз он мебошад.

Дар ҳамоиш зиёда аз 2000 адад маводи иттилоотию тарғиботӣ ба ҷавонону сокинони пойтахт пешниҳод гардид. Ҳамзамон дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе маркази ташхис ба таври  ройгон амал намуд, ки шаҳрвандони пойтахт ва навоҳии атроф аз он истифода намуданд.

Мавриди зикр аст, ки чунин ҳамоишҳо аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута пайваста гузаронида мешаванд.

 

Март 15, 2018 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад