Сумангул Тағойзода ва Олга Кулаева оид ба танзими самараноки муносибатҳои меҳнатӣ суҳбат намуданд

Март 14, 2018 09:51

ДУШАНБЕ, 14.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо директори Бюрои минтақавии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ  ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Москва Олга Кулаева  мулоқот намуд.

Тавре аз  маркази матбуоти ин вазорат ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд,  тарафҳо зимни  мулоқот  оид ба ҳамкории мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуда, аз ҷумла,   аз ҷараёни иҷрои «Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Тоҷикистон ва ТБМ оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2015-2017», ки татбиқи он барои ба вуҷуд овардани имконияти васеи шуғли арзанда, тақвияти нақши муколамаи иҷтимоӣ, танзими самараноки муносибатҳои меҳнатӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат мусоидат менамоянд, изҳори  қаноатмандӣ карданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷонибҳо зимни муҳокима афзалият ва ҳадафҳои амалкунандаи барномаро муҳим арзёбӣ намуда, барои таҳияи афзалиятҳои нав ба «Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Тоҷикистон ва ТБМ оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2018-2022»  таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

 

 

Март 14, 2018 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад