ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 10 март, шанбе, 69-умин рӯзи соли 2018 аст

Март 10, 2018 08:17

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

10 марти соли 2011 дар Покистон Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар фазои тантанавӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми барҷастааш дар таҳкими дўстӣ ва густариши равобити судманди ду мамлакат ва ҳамчунин рушди ҳамкории минтақавӣ бо мукофоти олии давлатӣ – Нишони Покистон сарфароз гардонид. Ҳамчунин Осиф Алӣ Зардорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои нақши намоёни ў дар таҳкими дўстӣ ва рушди муносиботи ҳамкории ду давлат бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон – ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонда шуд.

***

6 сол қабл, 10 марти соли 2012 Сарври давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавии садсолагии матбуоти тоҷик иштирок карда, рӯзноманигорон, кормандон ва собиқадорони воситаҳои ахбори оммаро табрик намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 тибқи номаи Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Ким Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти «Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об» интихоб ва пазируфта шуданд.

10 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Россия – Рӯзи бойгонӣ.

***

Дар  Озарбойҷон – Рӯзи театри миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

 10 марти соли 1931 дар Тоҷикистон ноҳияи Рашт таъсис дода шуд.

***

10 марти соли 2009 дар шаҳри Душанбе сомонаи Сафорати Франсия дар Тоҷикистон www.ambafranct-tj.org рӯнамоӣ карда шуд.

***

8 сол пеш, 10 марти соли 2010 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Вазири вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили васеи ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушди ояндаи онҳоро баррасӣ карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар Душанбе нашри махсуси маҷаллаи «Помир» аз чоп баромад, ки ба робитаҳои фарҳангию адабии Тоҷикистону Қазоқистон бахшида шуда буд.

***

10 марти соли 2016 Парлумони Тоҷикистон Созишномаи маблағгузорӣ оид ба лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушдро /БОР/ ба тасвиб расонд.

***

10 марти соли 2016 дар пойтахти Шоҳигарии Тайланд- шаҳри Бангкок нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) баргузор гардид. Дар нишасти мазкур ҳайати Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷии  ҶТ Сироҷидин Аслов роҳбарӣ намуда, дар мавриди роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва рушди инфрасохтори минтақавӣ дар чаҳорчӯби ин ҳамоиши байналмилалӣ сухан кард.

***

Як сол пеш, 10 марти соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Федератсияи варзишгарони маъюби Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи грантӣ барои лоиҳаи «Беҳтар намудани лавозимоти варзишӣ-тамринӣ барои варзишгарони маъюб»- ро  ба имзо расониданд.

***

10 марти соли 1910 дар Чин ғуломдорӣ манъ карда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2009 соҳибкори муваффақи тоҷик Нурулло Усмонов барои эътибор ва шуҷоат бо ҷоизаи махсус – медал ва дипломи ба номи Малика Виктория   (Queen Victoria Commemorative Medal) сарфароз гардонида шуд.

Март 10, 2018 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш