Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон давоми ду даҳсолаи охир бо ташаббусҳои глобалиаш дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ба ҳайси давлати пешсаф ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли буҳрони об дар миқёси сайёра даъват намуд. Ин ба он марбут аст, ки аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» баргузор мегардад.
Конфронс бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд бо мақсади мусоидат ба пешрафт дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028, ки бо Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 21 декабри соли 2016 эълон гардидааст, гузаронида мешавад. Конфронс дар шакли ҳузурӣ баргузор гардида, равиши бисёрҷонибаро фаро мегирад ва барои иштирок дар он намояндагони баландпояи ҳукуматҳо ва давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳавзавии дарёву кӯлҳо, инчунин ташкилоти занон, ҷавонон ва кӯдакон даъват гардидаанд. Форумҳои конфронс, чорабиниҳои канорӣ ва ҷаласаи минтақавии омодагии Осиё-Уқёнуси Ором ба Конфронси оби СММ-и соли 2026 25 майи соли 2026 баргузор мешаванд.
Инчунин дар доираи конфронс чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд, ки барои иштирокчиён имконияти шиносоӣ бо мероси ғании фарҳангии мардуми тоҷикро фароҳам меоранд. Дар ин чорабиниҳо унсурҳои фарҳангӣ ва анъанавии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла расму ойинҳо, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳо, либосҳои миллӣ ва санъат муаррифӣ карда мешаванд. Ҳамзамон гурӯҳҳои фолклорӣ аз минтақаҳои гуногуни мамлакат бо барномаҳои ҷолиб ва рангоранг руҳияи меҳмонон ва иштирокдорони конфронсро болида месозанд.
Иштирокдорони конфронси сатҳи баланд ҳамзамон ба минтақаҳои Тоҷикистон сафар намуда, бо манзараҳои ҷолиби табиати кишварамон, мавзеъҳои сайёҳию истироҳатӣ ва иқтидори обию энергетикии мамлакат шинос мешаванд. Ҳамзамон дар доираи конфронс намоишгоҳи мавзуӣ оид ба масъалаҳои об ташкил карда мешавад, ки дар он зарфияти обию энергетикии Тоҷикистон ва истифодаи захираҳои обии мамлакат дар самти рушди иқтисод муаррифӣ мегарданд. Ин бори дигар Тоҷикистонро ҳамчун давлати серобтарин ва дорои захираҳои бойи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишвари ташаббускор дар соҳаи обу иқлим ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обию энергетикӣ буда, дар ҷаҳон баъд аз Чин, Русия, Амрико, Бразилия, Конго, Ҳиндустон, Канада ҷойи ҳаштум ва дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ зинаи якумро ишғол менамояд. Инчунин 60 фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул ёфта, дар мамлакат захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ мавҷуд мебошанд. Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намуд, ки татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи мусоид гузошт. Дар пешбурди чунин ҳадафҳои глобалӣ давлатҳои аъзо ва ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла аъзои Гурӯҳи дӯстони об нақши муҳим мебозанд. Ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об — «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77 доир ба эълон намудани соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (14 декабри соли 2022) мебошанд.
Ин ташаббусҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим нақши муассир гузошта, бозгӯи саҳми бузурги Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим дар сайёра мебошанд. Ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани субот ва дар маҷмуъ расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор саҳми назаррас мегузоранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо намояндаи фраксияи CDU/CSU дар Бундестаги Олмон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Созмони ҷаҳонии об (GWO) мулоқот намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ. Ба масоили бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо баррасӣ гардид
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЭҲЁГАРИ ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ ДАР ҚАРИНАИ СИЁСАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУОСИР. Ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Серҷио Гор: «Доналд Трамп саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини субот дар Тоҷикистон ва минтақа баланд арзёбӣ менамояд»
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар ҳалли ин масъала нақши муҳим дорад
Ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Подшоҳии Белгия сафар намуданд
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сейшел баргузор гардид






