ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 11 март, якшанбе, 70-умин рӯзи соли 2018 аст

Март 11, 2018 08:12

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

11 марти соли 1912  аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» нашр шуд.

***

3 сол пеш, 11 марти соли 2015 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмид масоили вобаста ба ҳамгироии амниятии Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳам мавзӯъҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Беларус, Туркманистон, Шветсия, Ирландия, Юнон, Венгрия, Бразилия, Бруней ва Того эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.

11 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Тоҷикистон – Рӯзи матбуот.

***

Дар Литва – Рӯзи барқарорсозии истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

11 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе Форуми серӯзаи матбуоти форсизабонон ифтитоҳ гардид.

***

11 марти соли 2009 дар пойтахти Германия намоиши туристии ITB Berlin-2009 баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро дар он раиси вақти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов роҳбарӣ намуд.

***

9 сол пеш аз ин,  11 марти соли 2009 рейтинги нави Федератсияи байналмилалии футбол нашр шуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз  ҷои 147 ба 146-ум фаромад.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид.

***

11 марти соли 1993 Парлумони Гурҷистон қонунеро қабул намуд, ки ба ҳамаи истиқоматкунандагони мамлакат, новобаста аз донистани забони гурҷӣ шаҳрвандӣ дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009 дар Теҳрон пас аз суханронии роҳбарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ якчанд шахсони барҷаста бо ҷоизаи махсус сарфароз гардонида шуданд, ки миёни онҳо собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров низ буд.

***

Соли 1702 аввалин шумораи рӯзномаи англисизабони «The Daily Courant» нашр шуд.

 

Март 11, 2018 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш