ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 21 март, чоршанбе, 80-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
21 марти соли 2013 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид. Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар Ашқобод бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, намояндагони воломақоми Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистону Қирғизистон, Тотористони Россия, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари шуъбаи ин созмон дар Женева Касимжомарт Токаев ва ҳайатҳои илмию фарҳангӣ аз кишварҳо ва созмонҳои дигар ҷараён гирифт.
***
3 сол пеш, 21 марти соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 500 нафар ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 лар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк миёни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар робита ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки бо ибтикори мамлакати мо моҳи декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии СММ қабул гардида буд, мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
21 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии Наврӯз.
***
Рӯзи байналмилалии назм.
***
Рӯзи байналмилалии ҷангал.
***
Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ- Рӯзи ҳуқуқи инсон.
РӮЙДОДҲО:
21 марти соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XIII Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
21 марти соли 2015 дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд маросими пардабардорӣ аз болои пайкараи Исмоили Сомонӣ сурат гирифт.
***
161 сол муқаддам, 21 марти соли 1857 дар натиҷаи заминларза ва сӯхтор дар Токио зиёда аз 100 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
***
21 марти соли 1919 Ҷумҳурии Венгрия соҳибистиқлол гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1990 Намибия истиқлолият ба даст овард.
***
21 марти соли 1993 дар раъйпурсӣ дар Тотористон 61%-и аҳолӣ барои соҳибистиқлолии мамлакат овоз доданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе аввалин меҳмонхонаи панҷситорадор дар Тоҷикистон -«Hyatt Regency» ба истифода дода шуд.
***
Соли 1927 дар Киев аввалин шумораи рӯзномаи украинии «Литературная газета» нашр шуд.