ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 30 март, ҷумъа, 89-умин рӯзи соли 2018 аст

Март 30, 2018 08:04

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

30 марти соли 2016 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои Қарор «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020» –ро баррасӣ намуданд.

***

8 сол пеш, 30 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукумати Тоҷикистону Германия баргузор гардид, ки дар он масъалаи муҳоҷират баррасӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА масъалаи Конфронси Душанбегии сатҳи баланд муҳокима карда шуд.

30 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Фаластин – Рӯзи ҳифзи замин.

***

Дар ИМА – Рӯзи миллии духтурон.

РӮЙДОДҲО:

 30 марти соли 1960 бо Қарори Шӯрои Вазирони Тоҷикистону Иттиҳоди  Шӯравӣ Палатаи савдои Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис дода шуд.

***

30 марти соли 2013 сомонаи расмии ҷамъияти тоҷикон www.tjdiaspora.com.ua, ки муқими Украина мебошанд, бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мамлакат фаъол карда шуд.

***

2 сол қабл, 30 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе Форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид. 

***

30 марти соли 1870  тағйироти 15-ум ба Конститутсияи ИМА, ки ба шаҳрвандони сиёҳпӯст ҳуқуқи овоздиҳӣ дод, ба ҳукми амал даромад.

***

Дар ин рӯзи соли 1995 Президенти вақти Беларус А. Лукашенко дар бораи баргузории раъйпурсӣ ҷиҳати барҳам додани парлумон хабар дод.

***

30 марти соли 1992 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Сингапур муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

***

30 марти соли 2004 Иттифоқи ҷумҳуриявии маъюбони ҷанг дар Афғонистон ташкил карда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1987 дар музоядаи Лондон тасвири Ван Гог «Офтобпараст» бо арзиши 50 млн. доллар фурӯхта шуд.

***

Соли 1946 аввалин маротиба маросими ҷоизасупории «Оскар» тариқи радио мустақиман пахш карда шуд.

Март 30, 2018 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад