ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 4 март, якшанбе, 63-юмин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
4 марти соли 2014 Президенти вақти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба муносибати дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғалаба ба даст овардани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки роҳбариашро Шумо ба уҳда доред, табрикоти самимии маро бипазиред».
***
2 сол пеш, 4 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар маросими ботантана Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»- ро ифтитоҳ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар ҷаласаи Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» баррасӣ карда шуд.
4 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Беларус — Рӯзи милитсия.
РӮЙДОДҲО:
4 марти соли 2012 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар даври ниҳоии Ҷоми КФО-2012 ба пойтахти Непал- шаҳри Катманду сафар кард.
***
4 марти соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қарор кард, ки ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо терроризм» тағйирот ворид намояд.
***
4 сол пеш, 4 марти соли 2014 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими кушодашавии 16-умин намоиш-ярмаркаи армуғон ва сайёҳии «Тоҷикистон-2014» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсия Россия ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ баргузор гардид.
***
Як сол пеш, 4 марти соли 2017 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Япония баргузор гардид, ки ду рӯз идома ёфт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1789 аввалин Конститутсия ИМА ба ҳукми амал даромад.