Таблиғи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар матбуоти Эрон
ДУШАНБЕ, 28.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон ба муносибати аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 дар расонаҳои ин кишвар як зумра мақолаю фаъолиятҳои таблиғотиро мунташир намудааст. Аз ҷумла, хабаргузории «Меҳр», ки яке аз маъруфтарин хабаргузориҳои ин кишвар ба ҳисоб меравад, мақолаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Эмомзодаро таҳти унвони «Зарфиятҳои вижаи гардишгарии Тоҷикистон» мунташир намудааст. Сафири Тоҷикистон дар ин матлаб ба пешрафтҳои Тоҷикистон дар арсаи туризм ва таъкиди мақомоти кишвар ба рушду шукуфоии ин соҳа ишора намудааст.
Бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосӣ барои ба сабт расидани он дар ЮНЕСКО ба унвони ҷашни ҷаҳонӣ аст, мақолаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони англисӣ дар нашрияи «Tehran Times» мунташир шудааст. Дар ин мақола ба вижагиҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ва ҷойгоҳи он дар фарҳанги мардуми тоҷик ишораҳои возеҳ карда шудаанд.
Ҳамчунин маҷаллаи «Садои форсӣ» дар ин авохир навиштаи дигари Сафири Тоҷикистонро зери сарлавҳаи «Тоҷикистон – дурдонаи Осиёи Миёна» ба нашр расонид, ки дар ин навишта Н. Эмомзода иттилооти пурбор ва фаровони марбут ба риштаи сайёҳиро дар Тоҷикистон бо далелу рақамҳои дақиқ дар ихтиёри хонандагони форсизабон қарор дода, ёдгориҳои таърихӣ, диданиҳо, имкониятҳои мавҷуда барои сайёҳонро ба таври муфассал шарҳ додааст. Ҳамчунин маҷаллаи мазкур саҳифаи таблиғотии худро ба Тоҷикистон ихтисос дода, дар идома дар бораи оинҳои наврӯзӣ дар кишварамон мақолаеро ба табъ расонидааст.
Сафорати Тоҷикистон тасмим дорад дар ояндаи наздик ба муносибати эълон шудани Даҳсолаи об аз сӯи Тоҷикистон (солҳои 2018 — 2018), ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, намоишгоҳи дастовардҳо ва имкониятҳои обии Тоҷикистонро дар Эрон баргузор намояд.
Шоҳмансури ШОҲМИРЗО,
коршиноси мизи Тоҷикистон
дар Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО)










24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






